Дар 25 хоҷагии деҳоти ноҳияи Сангвор, ки ба далели мавҷуд набудани дастрасӣ ба хатти барқи давлатӣ пайваст набуданд, дастгоҳҳои барқи офтобӣ насб шудаанд. Ин хонаводаҳо дар деҳаи Найғуфт, дар қитъаи Нади деҳаи Сикад ва деҳаи Арзинг, ки дурдасттарин деҳаи дараи Тавилдара аст, ҷойгир шудаанд.
Ҳар як маҷмӯаи насбшуда аз ду панели офтобии 100 Вт, як инвертер 1 кВА ва як батареяи махсуси 12 В, 100 Ah иборат аст.
Бо ин маҷмӯа сокинон метавонанд хонаҳои худро бо равшанӣ таъмин кунанд, оинаи нилгун тамошо кунанд ва ё телефонҳои мобилии худро пур кунанд.
Ҳамчунин, дар доираи ин лоиха дар мактабҳои ибтидоии деҳаи Найғуфт ва деҳаи Арзинг як нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 3 кВт насб карда шуд.
Лоиҳа аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дастгирӣ шуда, аз ҷониби ҶДММ «Технологияҳои сабз» моҳи октябри соли 2022 амалӣ карда шуд.