Модули фотоэлектрикӣ аз 60 панели офтобии 300 Вт иборат буда, иқтидори умумии онҳо 18000 Вт мебошад.
Блоки энергетикӣ аз 32 батареяи 12 В, 200 Ah, иқтидори умумии 76800 Вт иборат аст.
Стансия синфҳои компютерӣ ва технология, инчунин тамоми синфхонаҳои гимназияро бо нерӯи барқ таъмин мекунад.
Он моҳи январи соли 2021 аз ҷониби ҶДММ «Технологияҳои сабз» ба истифода дода шудааст. Фармоишгари лоиҳа Гимназияи хусусии ба номи И.В.Гёте буд.