Модули фотоэлектрикӣ аз 38 панели офтобии 275 Вт иборат аст, ки иқтидори умумии онҳо 10450 Вт мебошад.
Блоки энергетикӣ аз батареяҳо иборат буда, захираи қувваи барқ 38400 Вт мебошад.
Стансия лабораторияи институтро бо кувваи электрики беист таъмин мекунад. Он моҳи ноябри соли 2021 аз ҷониби ҶДММ «Технологияҳои сабз» ба истифода дода шудааст.
Фармоишгари лоиҳа Институти тибби бойторӣ ва RAAH Solar (Олмон) мебошад.