Нерӯгоҳи барқи гибридии деҳаи Деҳисори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд

  • Home
  • Лоиҳаҳо
  • Нерӯгоҳи барқи гибридии деҳаи Деҳисори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд

Нерӯгоҳи барқи гибридии деҳаи Деҳисори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд

Деҳисор дуртарин деҳа дар водии Зарафшон дар болооби рӯдхонаи Зарафшон аст. Деха аз 20 хочаги иборат буда, аз хатти барк дур вокеъ аст. Такрибан 20 сол мукаддам сокинони дехот бо кувваи худ Стансияи оби барки сохта буданд, ки он ахолиро бо 3 кВт.с кувваи барк таъмин мекард. Аммо барои шумораи сокинони деҳа хеле кам буд, ки ҳатто барои рӯшноӣ дар хонаҳо кофӣ набуд.

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе пас аз арзёбии рустоҳои водии Зарафшон барои насби манобеъи таҷдидшавандаи кувва аз сӯи созмони Агроаксияи Олмон дар Тоҷикистон, барои насби нерӯгоҳи гибридӣ дар рустои Деҳисор озмун эълон кард. Дар тендер ҶДММ «Технологияҳои сабз» ғолиб омада, нерӯгоҳи гибридӣ сохта ва баҳори соли 2022 ба кор дароварда шуд.

Стансияи электрики дар як соат 20 хазор Вт кувваи барк истехсол карда, ду манбаи энергия дорад: панелхои офтобии иктидори умумии 12600 Вт ва микро стансияи оби барки 10 хазор Вт. Аз ин лихоз он системаи гибриди номида мешавад.

Стансия инчунин блоки аккумулятор дорад, ки иктидораш 76800 Вт мебошад. Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯби лоиҳа нерӯгоҳи офтобӣ аз сифр насб шуда буд, аммо нерӯгоҳи хурди мавҷуда танҳо бо иваз кардани генератор таҷдид карда шуд.